DSC_0101

Ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона.

Вобаста ба таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон пазироии  расмӣ баргузор намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, сафирон ва атташеҳои ҳарбии муқими Қазоқистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва ҷамъияту ташкилотҳои кишвари иқомат, намояндагони диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат варзиданд.

Зимни суханронии худ, Сафир оид ба дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолият қайд намуд.

DSC_0120DSC_0130DSC_0149