Архив рубрики: Сиёсат

29f5afcc15813c7d5ccc21825b110837
Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

11 июни соли 2018 дар шаҳри Алмато ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гашт, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид. Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, […]

Shri-M.J.-Akbar1
Суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муоқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез

Ҷаноби Сироҷидин Аслов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷанобон, Муҳтарам ҳамкасбон, Иҷозат фармоед ба Ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо барои ташкили конфронси мазкур изҳори миннатдорӣ намоям. Афзоиши таҳдиди ин вирус ба ҳаёт ва арзишҳои мо чунон аст, ки ин ҷамъомад қариб дар тамоми ҷаҳон муҳим маҳсуб […]

IMG_6615
Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Муғулистон

21 майи соли 2018 Сафири Фавкулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Муғулистон Назирмад Ализода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Маркази байналмилалии таҳлилӣ барои кишварҳои ру ба тараққӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд (ITT-LLDCs), ба шаҳри Улан-Батор сафар намуд. Дар доираи сафар мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Муғулистон хонум Б. Батсесег баргузор гардид. […]

31
Мулоқот бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ карда шуд. […]

концерт (4)
Таҷлили 25–солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон дар шаҳри Кокшетау

12 апрели соли 2018 дар шаҳри Кокшетауи вилояти Ақмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар бинои “Қасри дӯстии халқҳо” бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Акимати вилояти Ақмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва диаспораи тоҷик чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур Муовини акими вилояти Ақмола […]

5454
Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт. Дар рафти мулоқот ва музокироти самарабахш, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд, Сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрўзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва […]

29244136_1835847593152085_1756157508235296768_o
Иштирок дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Барои ширкат дар ин ҳамоиш Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии […]

29177556_1834486226621555_1319623337281847296_o
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

14-уми марти соли 2018 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри “Оқ-Орда” сурат гирифт. Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд. Президенти […]

2017-09-08istiqloliyat
Паёми телевизионӣ ба муносибати Соли нави мелодӣ

Ҳамватанони азиз!Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям. Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди […]

25586843_1721357034601142_1956278422479523767_o
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои […]