54454

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Алмаато

1 апрели соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарпарастии Намояндагӣ иди байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид. Иқдоми мазкур бо ҳамкории фаъолонаи Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато ва марказҳои этникӣ фарҳангии тоҷикиони муқими Қазоқистон сурат гирифт.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, корпуси дипломатӣ, Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, диаспораи тоҷикони муқими Қазоқистон ширкат варзиданд.

viber image 2019-04-02 , 16.50.40

Дар доираи ҷашнвора барномаҳои гуногуни ҳунарию варзишӣ, аз ҷумла намоиши рақсҳои миллӣ, шеърхониҳои наврӯзӣ, сабқатҳои гуштии миллии тоҷикӣ, шоҳмот ва тенниси рӯи мизӣ доир гардиданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои идона бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.