viber image 2019-04-10 , 17.54.25

Вохурии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон

9 декабри соли 2019 дар шаҳри ҳри Нур – Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатӣ Саид бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз тамоюли мусбии раванди ҳамкориҳои самарабахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, баҳри идомаи якҷояи кор ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои бадастомада изҳори омодагӣ намуданд.